ⓘ Энергетикаи Тоҷикистон

Талъат Нӯъмонов

Талъат Нӯъмонов 12 сентябри соли 1962 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Фарзанди академик Эшонқул Нӯъмонов. Дар факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ таҳсил кардааст 1979 - 1984.

Стариков Виктор Андреевич

Виктор Андреевич Стариков - номзади илмҳои техникӣ. Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон. Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон.

Юсуфалӣ Ҳасанович Ҳасанов

Юсуфалӣ Ҳасанович Ҳасанов - математики тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика, Аълочии маорифи ҶТ. Ӯ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва дар филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе таълим медиҳад.

Шавкат Бобоев

Шавкат Бобоев - Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобораҷабович Бобоев 3 июни соли 1962 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1985 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-механик, технолог ва соли 2003 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун коргар дар фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, соли 1985 баъди хатми Донишкада ба ҳайси муҳандиси фабрикаи рӯймолбарории шаҳри Хуҷанд, муҳандиси шуъбаи механикии Вазорати саноати маҳаллӣ, сар ...

Усмонали Усмонов

Усмонали Усмонов - Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонали Юнусалиевич Усмонов 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 Аспирантураи Донишкадаи энергетикии шаҳри Москваро хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба ҳайси муҳандиси кафедраи "Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор" -ии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шурӯъ намуда, баъди хатми Аспирантура, дар давоми солҳои 1989- 1996 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти ...

Соли 2017

Соли 2017 дар гоҳшумории мелодӣ - несоли кабиса, оғоз дар рӯзи якшанбе. Ин 2017 соли даврони ҳозир, 17 соли ҳазораи 3, 17 соли садаи XXI, 7 соли даҳаи 2 садаи XXI, 8 соли даҳаи 2010-ум.

                                     

НБО "Андарбак"

НБО "Андарбак" - яке аз НБО-и хурди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва зери идораи ҶСК Ширкати "Помир Энерҷӣ" мебошад. НБО-и "Андарбак" дар соли 1999 ба истифода дода шуд. Истгоҳ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии дастгоҳи он 300 кВт аст. Иқтидори истгоҳ дар аввали соли 2012-ум 240 кВт-ро ташкил дод.

                                     

НБО "Намангут"

НБО "Намангут" - яке аз НБО-и хурди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва зери идораи ҶСК Ширкати "Помир Энерҷӣ" мебошад. НБО-и "Намангут" дар соли 1974 бо истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар ноҳияи Ишкошими ВМБК ҷойгир аст. Ду дастгоҳи он аз рӯи иқтидори лоиҳавӣ ба 2500 кВт баробар ҳастанд. Алҳол истгоҳ дар фасли тобистон бо иқтидори 1750 кВт, дар мавсими зимистон бо иқтидори 1500 кВт кор мекунад.

                                     

НБО "Савноб"

НБО "Савноб" - яке аз НБО-и хурди ВМБК аст ва зери идораи ҶСК Ширкати "Помир Энерҷӣ" мебошад. НБО "Савноб" дар соли 1989 бо истифода дода шуд. Истгоҳ дар ноҳияи Рӯшони ВМБК ҷойгир аст. Иқтидори лоиҳавии як дастгоҳи истгоҳ 80 кВт пешбинӣ шудааст. Иқтидори истгоҳ дар аввали соли 2012-ум 40 кВт-ро ташкил дод.

                                     

НБО "Сипонҷ"

НБО "Сипонҷ" - яке аз НБО-и хурди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва зери идораи ҶСК Ширкати "Помир Энерҷӣ" мебошад. НБО-и "Сипонҷ" дар соли 1991 ба истифода дода шуд. Истгоҳ дар ноҳияи Рӯшони ВМБК ҷойгир аст. Иқтидори лоиҳавии ду дастгоҳи он 160 кВт буда, иқтидори истгоҳ дар аввали соли 2012-ум 80 кВт-ро ташкил дод.

                                     

НБО "Техарв"

НБО "Техарв" - яке аз НБО-и хурди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва зери идораи ҶСК Ширкати "Помир Энерҷӣ" мебошад. НБО-и "Техарв" дар соли 1995 бо истифода дода шуд. Истгоҳи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии як дастгоҳи он 360 кВт пешбинӣ шудааст.Иқтидори истгоҳ ба ҳолати аввали соли 2012-ум 260 кВт-ро ташкил дод.

                                     

НБО "Шуҷанд"

НБО "Шуҷанд" - яке аз НБО-и хурди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва зери идораи ҶСК Ширкати "Помир Энерҷӣ" мебошад. НБО-и "Шуҷанд" соли 1969 бо истифода дода шуд. Истгоҳи номбурда дар ноҳияи Рӯшони ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии ду дастгоҳи он ба 832 кВт баробар буд. Иқтидори истгоҳ дар аввали соли 2012-ум 550 кВт-ро ташкил дод.