ⓘ Ҳуқуқ дар Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон - яке аз дошишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон буда, дар шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ҷойгир аст.

Қонун

Қонун – санади ҳуқуқӣ мебошад, ки аз ҷониби мақоми олии қонунгузори ҳокимияти давлатӣ ва ё тариқи овоздиҳии умумихалқӣ бо тартиби махсус қабул гардида, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим месозад. Қонун санади ҳуқуқиест, ки аз тарафи мақомоти олии намояндагӣ парлумон бевосита ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул мегардад. Қонун муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Қонун асоси низоми ҳуқуқии давлатро ташкил менамояд. Қонун нисбат ба ҳар гуна санадҳои ҳуқуқӣ қувваи баланди ҳуқуқӣ дорад.

Ҳимояи Конститутсионии ҳуқуқ

Ҳимояи Конститутсионии ҳуқуқ - дар қисми 2 моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон пазируфта шудаанд, ҳифз карда мешаванд. Дар таъмини ҳимояи конститутсионии ҳуқуқ мавқеи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - суд, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ калон аст. Хусусан вазифаи асосии суд дар ...

Дин дар Тоҷикистон

Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Имрӯза Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст, аммо пеш аз даврони тасаллути Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар, ислом рӯ ба густариш будааст. Бештари мардум Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ ва гурӯҳи кӯчаке аз мардум аз ташайюъ пайравӣ мекунанд. Аз миёни соири адён масеҳият низ дар Тоҷикистон низ пайравони бештаре дорад, ҳарчанд пайравони он - русҳои православ баъди к ...

Ҳуқуқ ба ҷавоб

Ҳуқуқ ба ҷавоб - тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои ахбори омма шаҳрвандон ва ташкилоте, ки нисбат ба онҳо дар воситаҳои ахбори омма маълумоте чоп гашта аст, ки асоси воқеӣ надорад ва ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳоро поймол месозад, ҳуқуқ доранд талаб намоянд, ки нисбати ин маълумот ба онҳо дар ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоб диҳанд.

Ҳуқуқ ба истироҳат

Ҳуқуқ ба истироҳат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба истироҳат пешбинӣ менамояд. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст. Таъмини ин ҳуқуқ бо роҳҳои гуногун амалӣ гардонда мешавад, ки дар он худи шахс, корхонаю муассиса, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва давлат ҳиссагузор шуда метавонанд. Вазифаи давлат аз он иборат аст, ки ба воситаи қонун давомнокии вақти кор, рӯзҳои истироҳат ва ид, рухсатии ҳарсолаи пулакӣ ва дигар чораҳои амалӣ гардонда ...