ⓘ Таҷҳизот

Таҷҳизот

Таҷҳизот ё Техника - маҷмӯи воситаҳои фаъолияти инсон, ки дар ҷараёни инкишофи истеҳсолот дар ҷомеа ҷамъ шудааст. Техникаи ҳарбӣ ба ҷараёни алоҳида дохил мешавад, ки ҳама дастгоҳу мошинҳо, барои дастгирии қобилияти мудофиавӣ ва гузаронидани амалҳои ҷангӣ дар хушкӣ, дар уқёнус, дар ҳаво ва кайҳон истифода мешаванд. Техника дар натиҷаи фаъолияти муҳандисӣ коркард карда мешавад ва такмил меёбад. Конструксия ва тайёр кардану сохтани техника вобастаги дорад аз: сохти техники, талаботи фармоишгар ба хислати техники, сифат, арзиш, технологияи тайёркуни, ин чунин аз имкониятҳои молӣ ва техникии ис ...

Сервер (таҷҳизот)

Сервер - таҷҳизотест, ки барои иҷрои барномаҳои махсуси хизматӣ), новобаста аз иштироки одам, ҷудо шудааст. Ба ғайр аз сервер боз сервер мавҷуд аст. Қисми таркибии сервер метавонад аз компутарҳои фарди фарқ накунад ва ё ҳатто иқтидори ҳисоббарории хурдтар дошта бошад. Одатан иқтидори ҳисоббарории сервер аз компутарҳои фарди хеле калонтар аст, ки ин аз вазифаҳое иҷрошаванда вобаста аст.

Сервер

Сервер: Сервер таҷҳизот - сахтафзор ё таҷҳизоти компутарӣ аст, ки барои амалӣ кардани вазифаҳои махсуси хизматрасонирии компьютер муҷаҳҳаз мешавад. Сервер барнома - нармафзор ё барномаест, ки аз мизоҷон дархост қабул мекунад. Сервер - номи туркӣ аз Сарвар. Сервер Ҷепаров - футболбози ӯзбек, ки дар маҳфили футболи "Сеул" ва Дастаи миллии Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Колхоз

Колхоз, хоҷагии коллективӣ - шакли хоҷагидорӣ дар деҳот дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он воситаҳои истеҳсолот дар дасти иштирокчиёни ҷамъият буда, натиҷаҳои меҳнат низ дар байни онҳо тақсим карда мешуд. Раиси хоҷагиро бо тариқи овоздиҳӣ интихоб мекарданд. Ба раис ҳайати идоравии колхоз ёрӣ мерасонд.

Hewlett-Packard

Hewlett-Packard - соли 1939 таъсис ёфтааст, ширкат таъминкунандаи таҷҳизот ва нармафзор барои ташкилотҳо ва истеъмолкунандагони инфиродӣ мебошад. Идораи марказӣ дар Пало Алто ҷойгир аст. Яке аз бузургтарин ширкатҳои технологияҳои иттилоотии Амрико. Таҷҳизоти ченкунӣ, таҷҳизоти тиббии электронӣ ва таҷҳизот барои таҳлили кимиёвӣ истеҳсол мекард. Дар соли 1999, шӯъбаҳои бевосита бо компютерҳо, нигаҳдории иттилоот ва коркарди тасвирҳо алоқаманд ба як ширкати алоҳидаи Agilent Technologies тақсим карда шуданд. Қарорҳо дар соҳаи инфрасохтори ТИ, системаҳои компютерии инфиродӣ ва дастгоҳҳои дастра ...

Амалиёти технологӣ

Амалиёти технологӣ - қисми раванди технологӣ, ки коргар ва ё гурӯҳи коргарон дар як коргоҳ, дар шароити истеҳсолоти автоматӣ бошад, бе иштироки коргарон ё таҳти назорати онҳо иҷро мекунанд. Амалиёти технологӣ автоматӣ, нимавтоматӣ, мошинӣ, мошиниву дастӣ мешавад. Амалиёти технологӣ бо тағйирнопазирии объекти истеҳсолот ва таҷҳизот ифода меёбад. Амалиёти технологӣ барои муайян кардани ҳосилнокӣ ва банақшагирии кори таҷҳизот, истифода намудани афзору асбоб, назорати сифат ва мӯҳлати иҷроиши кор, инчунин барои меъёрбандии техникаи меҳнат воҳиди асосии ҳисобу китоб ба шумор меравад. Дар шароит ...